Гурӯҳи нозирони дарозмуҳлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон шоми имрӯз ба Душанбе меоянд.
Аз КМИР ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба гурӯҳ муовини раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Владимир Горбун роҳбарӣ намуда, ба ҳайти гурӯҳ ҳамчунин муовини роҳбари ситоди гурӯҳи нозирон аз ИДМ Олек Кулеба низ шомил аст.
Дар интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба санаи 6-уми ноябр таъин шуд, аз иштироки беш аз 700 нафар нозирони байнулмилалӣ интизорӣ меравад.
Роҳбари Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки онҳо аз иштироки гурӯҳи нозирон аз САҲА, ИДМ, СҲШ ва намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе интизорӣ доранд.
Ӯ ёдовар шуд, ки дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2006 дар Тоҷикистон 536 нафар нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла аз САҲА – 254 нафар, ИДМ – 167 нафар, СҲШ – 17 нафар ва аз намояндагиҳои дипломатӣ – 86 нафар ҳузур доштанд.
Додоев илова намуд, ки дар маъракаи интихоботии парлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 25 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ низ ширкат варзида, интизорӣ меравад, ки дар маъракаи интихоботи президент шумори онҳо бамаротиб зиёд хоҳад шуд.







