Э.Раҳмон ба фаъолияти Маркази бемориҳои сили ВМКБ ҳусни оғоз бахшид

Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази маъмурии он – шаҳри Хоруғ идома ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ бинои нави Маркази бемориҳои сили вилоят дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, бинои пешинаи ин марказ хеле фарсуда шуда, […]

ASIA-Plus


Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази маъмурии он – шаҳри Хоруғ идома ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ бинои нави Маркази бемориҳои сили вилоят дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.

Тавре зикр гардид, бинои пешинаи ин марказ хеле фарсуда шуда, шароити корию маишияш ба талабот ҷавобгӯй набуд. Бинои нав бо харҷи 10 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва гранти Хазинаи глобалӣ бунёд ёфта, дорои таҷҳизоти навтарини муоина, ташхис ва табобати беморони сил ва ҳамчунин шароити муосири маишӣ мебошад.

Дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти муосири гаронарзиш, аз ҷумла ренгени рақамӣ, ки арзишаш 450 ҳазор доллари амрикоӣ аст, дастгоҳи маҷмӯаи дандонпизишкӣ, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии кори дил, дастгоҳи нафдиҳии сунъӣ ва ғайра насб гардидаанд.

Марказ дорои 4 шуъба – шуъбаҳои беморони сили мутобиқшуда, кӯдакона, озмоишгоҳ ва дармонгоҳи озмоишӣ мебошад.

Дар маркази вилоятии бемориҳои сил, ҳамчунин дастгоҳҳои тибби фосилавӣ васл гардидааст, ки тавассути он табибон бо ҳамкасбони худ аз шаҳри Душанбе, дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҳам хориҷи кишвар ба таври мустақим дар тамос шуда, машварат мекунанд.

Дар ин бино, ки барои 45 кати хоб пешбинӣ шудааст, то 48 нафар табибон ва дигар кормандон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Тавре иттилоъ доданд, дар бинои кӯҳнаи марказ пас аз тармиму навсозиаш диспансери вилоятии бемориҳои сил ҷойгир карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.