Сарпарастии Белгия ба ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Аврупо

Чанде қабл дар Кохи Эгмонти шаҳри Брюссел сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев дар ҷаласаи нахустин бахшида ба гузаронидани бозиҳои тобистонаи олимпии Аврупо-2014 таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ширкат варзид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс раисӣ намуд. Гуфта мешавад, мақсад […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Кохи Эгмонти шаҳри Брюссел сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев дар ҷаласаи нахустин бахшида ба гузаронидани бозиҳои тобистонаи олимпии Аврупо-2014 таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс раисӣ намуд. Гуфта мешавад, мақсад аз ҷаласа муҳокимаи тадорукоти гузаронидани бозиҳои тобистонаи олимпии махсуси Аврупо барои шахсони дорои имконияти маҳдуд дар Белгия 9-20 сентябри соли 2014 ба ҳисоб мерафт.

Зимни иҷлос эълон гардид, ки дар чорабиниҳои варзишии номбаргардида намояндагони 58 кишвари дунё дар мусобиқаҳо аз рӯи 10 намуди варзиш иштирок хоҳанд кард.

Ҳайати Тоҷикистон 15 нафарро дар бар мегирад ва тамоми хароҷоти иштироки варзишгарони Тоҷикистонро ҷониби Ҳукумати Белгия пардохт хоҳад намуд.

Дар рафти суҳбат сафири Тоҷикистон Р.Солиев ба Дидие Рейндерс ва роҳбарияти Кумитаи тадорукоти бозиҳои тобистонаи олимпии Аврупо-2014 барои даъвати ҳайати Тоҷикистон ва дастгирии иштироки варзишгарон миннатдорӣ баён кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.