КДАМ: Ҷилавгирӣ аз кӯшишҳои навбатии қочоқи мухаддирот ва аслиҳа

Зимни як қатор амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ аз кӯшишҳои навбатии коҷоқи маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон ҷилавгирӣ шуд. Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар вилояти Суғд кормнадони кумита ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 30-солаи шаҳри Истаравшан Баҳромҷон […]


Зимни як қатор амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ аз кӯшишҳои навбатии коҷоқи маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон ҷилавгирӣ шуд.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар вилояти Суғд кормнадони кумита ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 30-солаи шаҳри Истаравшан Баҳромҷон Маҳмудовро дастгир намуда, аз ӯ ба миқдори 1 килову 520 грамм маводи нашъадори навъи ҳашишро дарёфт ва мусодира карданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни амалиёти муштараки кормандони КДАМ ва марзбонони ҷумҳурӣ дар мавзеи Даштаки ноҳияи Ванҷ бо қочоқчиён задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа сарҳадшиканон ба самти Афғонистон паноҳ бурдаанд ва дар ҷойи ходиса 3 кило  маводи мухаддир ва 2 адад автомати Калашников дарёфт шудааст.

Гуфта мешавад, зимни як амалиёти дигар дар ноҳияи Панҷ пас аз муқовимати мусаллаҳона сарҳадшиканон дар ҷойи ҳодиса 19 кило  маводи нашъаовари бангдонаро партофта, ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурдаанд.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, аз аввали соли равон кормандон ин ниҳод дар маҷмӯъ 1 тоннаю 474 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла ҳудуди 195 кило героин, 621 кило ҳашиш, 114 кило афюн ва наздики 500 кило мухаддироти гуруҳи бангдонаро мусодира намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.