Расул Амонулло аз Олмон ба Тоҷикистон оварда шуд

Гунаҳкори садамаи фоҷеабор дар пойтахт Расул Амонулло, ки бар асари он се нафар ҷон бохтаву се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, аз Олмон ба Тоҷикистон оварда шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Ба иттилои ин манбаъ, айни замон ӯ бо дасти ҷароҳатбардошта дар яке аз госпиталҳои […]

ASIA-Plus


Гунаҳкори садамаи фоҷеабор дар пойтахт Расул Амонулло, ки бар асари он се нафар ҷон бохтаву се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, аз Олмон ба Тоҷикистон оварда шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои ин манбаъ, айни замон ӯ бо дасти ҷароҳатбардошта дар яке аз госпиталҳои Душанбе бистарӣ аст.

«Дар доираи парвандаи ҷиноии бозшуда оид ба далели рух додани садама Расул Амонулло ҳамарӯза аз ҷониби кормандони шуъбаи тафтишоти ВКД Тоҷикистон бозпурсӣ мешавад», – гуфт сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, дар ин қазияи пурсарусадо аз ҳузури боз як нафари дигар иттилоъ дода мешавад. Дар сомонаи расмии ВКД зикр шудааст, ки «вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садамаи мазкур Шарипов Умар чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст».

Ёдрас мекунем, ки бар асари

садамаи нақлиёти фоҷеабор,

ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Пас аз баргузор намудани амалиёти тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милиса бо мақсади муайян кардани гунаҳкорони садамаи фоҷебаор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, ошкор шудааст, ки

гунаҳкори ин садама

Расул Амонуллои 16-сола будааст. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Расул Амонулло аз рӯзи 11-уми октябр таҳти забонхати тарк накардани маҳалли зист қарор дорад.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Ахири ҳафтаи гузашта оилаи Ҳукумовҳо ба наздикони ҷабрдидагон аз ин садама

кумак карданд

. Шахсони аз ин садама зиндамонда чун пешина дар ҳолати вазнин дар Маркази миллии тиббӣ қарор доранд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.