Талбаков: Хайрияи маҷбурӣ бисёр соҳибкорони кишварро муфлис кард

Мушкилоти шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани ҳаҷми музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷумлаи масоили камтарине мебошанд, ки интихобкунандлгон ба он таваҷҷуҳ дошта, зимни вохӯрӣ бо номзадҳо ба мансаби президентӣ дар бораи он ибрози андеша мекунанд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Исмоил Талбаков […]

Аваз Юлдошев


Мушкилоти шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани ҳаҷми музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷумлаи масоили камтарине мебошанд, ки интихобкунандлгон ба он таваҷҷуҳ дошта, зимни вохӯрӣ бо номзадҳо ба мансаби президентӣ дар бораи он ибрози андеша мекунанд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Исмоил Талбаков дар ин робита изҳор намуд, ки мардум аз афзоиши сатҳи коррупсия миёни мансабдорони давлатӣ нигаронии зиёд дошта, дархост мекунанд, ки мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ҳарчи бештар пурзӯр карда шавад.

Имрӯзҳо Талбаков бо интихобкунандагони вилояти Суғд вохӯриҳо мегузаронад. Ӯ таъкид дошт, ки дар маҳалҳо соҳибкорон аз он шикоят кардаанд, ки ҳукуматдорон онҳоро ба маблағгузории чорабиниҳои хайрия маҷбур сохта, дар натиҷа аксари онҳо ба муфлисӣ дучор шудаанд.

«Ғайр аз ин, аз қонунгузории нави андоз ва санҷишҳои ғайримунсифонаи кормандони мақомоти санҷишӣ низ шикоятҳо бисёр аст», – гуфт ӯ.

Талбаков гуфт, ба андешаи аксари интихобкунандагон, Кодекси нави андози соли гузашта қабулшуда сарбории соҳибкорон аз андозро сабук накарда, баръакс, сарбориро бештар намудааст, ки дар навбати худ ба қатъи фаъолияти соҳибкории чанде аз тоҷирони ватанӣ боис гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.