Аз 23-юми октябр ба овоздиҳии пеш аз муҳлат имкон дода мешавад

Имрӯз комиссияҳои интихоботии қитъавӣ таҳияи рӯйхати интихобкунандагон дар қитъаҳоро ба итмом расонида, аз пагоҳ, 23-юми октябр ба шаҳрвандони ба овоздиҳии пеш аз муҳлат имкон дода мешавад. Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод,  зимни гирифтани варқаи овоздиҳӣ интихобкунанда муқобили ному насбаи худ дар рӯйхати интихобкунандагон имзо гузошта, шакли […]

Валентина Кондрашова


Имрӯз комиссияҳои интихоботии қитъавӣ таҳияи рӯйхати интихобкунандагон дар қитъаҳоро ба итмом расонида, аз пагоҳ, 23-юми октябр ба шаҳрвандони ба овоздиҳии пеш аз муҳлат имкон дода мешавад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод,  зимни гирифтани варқаи овоздиҳӣ интихобкунанда муқобили ному насбаи худ дар рӯйхати интихобкунандагон имзо гузошта, шакли варақаи интихоботӣ аз ҷониби КМИР муайян карда мешавад.

«Шаҳрванде, ки хоҳиши пеш аз муҳлат овоздиҳиро дорад, бояд ба комиссияи интихоботии қитъавӣ ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи дар рӯзи интихобот дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур надоштани худро пешниҳод намояд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Додоев, билетҳои парвоз тариқи ҳавопаймову сафар тавассути роҳи оҳан, варақаҳои маъмурии сафари хидматӣ, нома аз корхона бобати ба сафари хидматӣ равона гардидани корманд ва шиноснома аз ҷумлаи ин ҳуҷҷатҳоянд.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.