М.Алимардон: Ҳамтои қирғизам занг назадааст

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон изҳор намуд, ки муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов ба ӯ занг назадааст. «Зангҳои воридотӣ ба қабулгоҳи муовини нахуствазир ё ба рақами шахсии ӯ тавассути хатти махсуси алоқа ҳеҷ гоҳ бепосух намемонанд», – гуфт ӯ. Ба қавли Алимардон, айни замон ӯ бо супориши сарвари давлат […]

Заррина Эргашева


Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон изҳор намуд, ки муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов ба ӯ занг назадааст.

«Зангҳои воридотӣ ба қабулгоҳи муовини нахуствазир ё ба рақами шахсии ӯ тавассути хатти махсуси алоқа ҳеҷ гоҳ бепосух намемонанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Алимардон, айни замон ӯ бо супориши сарвари давлат дар сафари корӣ дар ноҳияи Фархор қарор дорад. «Агар ба қабулгоҳи ман занг мезаданд, маро дарҳол аз он огоҳ мекарданд. Бино ба маълумоте, ки ба ман аз Хадамоти марзбонии ҷумҳурӣ хабар доданд, масъаларо марзбонон ҳаллу фасл кардаанд. Дар бораи вазъи ҳозира дар он минтақа ман огаҳӣ надорам», – иброз дошт ӯ.

Имрӯз дар мусоҳиба бо ВАО-и Қирғизистон муовини нахуствазири ин кишвар Токон Мамитов дар робита ба вазъ дар минтақаи чоҳи нафти «Катта-Туз» изҳор намуд, ки «аз дирӯз мо ба муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон тамоси телефонӣ гирифтанием, вале ӯ ба зангҳои мо ҷавоб намедиҳад».

Ба гуфтаи ӯ, дирӯз зимни вохӯрии марзбонони ҳарду кишвар намояндагони Тоҷикистон изҳор намудаанд, ки пойгоҳи нафткаширо дубора ба кор андохтанианд. «Сарфи назар аз рад шудани дархосташон, беш аз 100 нафар шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба қаламрави Қирғизистон ворид шуда, пойгоҳҳои истихроҷи нафту газро ғасб карданӣ шуданд, вале нерӯҳои иловагии милиса ба ин амали ғайриқонунии онҳо роҳ надоданд», – зикр кардааст номбурда.

Бино ба иттилои ахири хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон, хизматчиёни ҳарбии тоҷик аз мавзеи Катта-Туз хориҷ шуда, айни замон вазъ дар ин минтақа ором аст.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шуда, ба ӯ иттилоъ дода шуд, ки рӯзи 24-уми октябр як гурӯҳи беш аз 100-нафараи хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон то масофаи 500 метр ворид шуда, ин амал мухолифи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи қатъи фаъолият чоҳи нафтӣ то муайян шудани мансубияти он мебошад.

Ба сафири Тоҷикистон бо талаби таъҷилан аз қаламрави Қирғизистон хориҷ шудани марзбонони тоҷик ва даъват ба ҳаллу фасли мусолиматомези вазъи мавҷуда нотаи эътирозии ВКХ Қирғизистон супурда шуд.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл сардори маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки вазъ дар тамоми тӯли марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон

комилан орому амн буда

, ҳеҷ далеле барои ташвиш вуҷуд надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.