Адвокати коллегияи адвокатҳои Хуҷанд бо пора дастгир шуд

Адвокати коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд зимни гирифтани пора бо далели шайъӣ дастгир шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, чанде қабл як зан, сокини ноҳияи Спитамен М.Д. ба Раёсати мазкур муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки нисбати адвокати […]

Мавлуда Рафиева


Адвокати коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд зимни гирифтани пора бо далели шайъӣ дастгир шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл як зан, сокини ноҳияи Спитамен М.Д. ба Раёсати мазкур муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки нисбати адвокати коллегияи  адвокатҳои шаҳри Хуҷанд З.И. чораҳои қонунӣ андешида шаванд.

Ӯ изҳор намудааст, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакии парванда нисбат ба писараш адвокат бо роҳи фиреб аз ӯ дар ҳаҷми 4 ҳазор доллари ИМА маблаги пулӣ талаб карда гирифтааст. «Пас аз содир шудани ҳукми 8,5 соли зиндон ба писараш, адвокат боз аз модари ӯ гӯё барои мусоидат карданаш ба сабукии ҳукм дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА маблағи пулӣ талаб кардааст», – гуфтанд дар раёсат ва илова намуданд, ки адвокат зимни гирифтани мабалғи пулӣ дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати адвокати боздоштшуда мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсаати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 66 далели қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.