Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «Тоҷикистон-2013» бо иштироки ширкатҳои эронӣ ба кор шурӯъ мекунад. Оғози маросими ифтитоҳ соати 10:00; – Дар толори мактаби варзишии кӯдакону наврасони захираҳои ҷумҳуриявӣ (СДЮШОР)-и №35 мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол барои дарёфти ҷоизаи мураббӣ Нур Одинаев баргузор мешавад; – Рӯзҳои 12-14-уми ноябр дар Маскав оид ба […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «Тоҷикистон-2013» бо иштироки ширкатҳои эронӣ ба кор шурӯъ мекунад. Оғози маросими ифтитоҳ соати 10:00;

– Дар толори мактаби варзишии кӯдакону наврасони захираҳои ҷумҳуриявӣ (СДЮШОР)-и №35 мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол барои дарёфти ҷоизаи мураббӣ Нур Одинаев баргузор мешавад;

– Рӯзҳои 12-14-уми ноябр дар Маскав оид ба мавзӯи «Густариш ва тавсеъаи ҳамгироии Авруосиё» конфронси VII-уми байнулмилалии илмӣ-амалии Бонки авруосиёии рушд доир мегардад.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7721

сомонӣ;


1

евро

– 6.3632

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1501

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих

Рӯзи байнулмилалии донишҷӯён.


1922-2009

– Зодрӯзи арбоби давлатӣ ва сиёсӣ Ибодат Раҳимова.


1938-1986

– Мавлуди шоир ва рӯзноманигор Сарвар Амирҷонов.


1953

– Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон Талабхӯҷа Сатторов.


1953-2007

– Мавлуди файласуф Сайфулло Сафаров.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


борон меборад (дар баландии зиёда аз 2500 метр барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2+3, рӯзона +8+13;  дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона -3+2.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +15+17.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16. 


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.