Боздошти нашъаҷаллобони эҳтимолӣ дар пойтахт

Зимни як амалиёти муваффақона кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ нашъаҷаллобонеро дастгир намуданд, ки дар қаламрави пойтахт маводи мухаддирро фурӯхтанӣ буданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, нашъаҷаллобони эҳтимолӣ пас аз анҷоми муомилот дар қаламрави пойтахт боздошт шуда, онҳо сокинони пойтахт будаанд. «Яке аз онҳо қаблан доғи судӣ дошта, муайян […]

ASIA-Plus


Зимни як амалиёти муваффақона кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ нашъаҷаллобонеро дастгир намуданд, ки дар қаламрави пойтахт маводи мухаддирро фурӯхтанӣ буданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, нашъаҷаллобони эҳтимолӣ пас аз анҷоми муомилот дар қаламрави пойтахт боздошт шуда, онҳо сокинони пойтахт будаанд. «Яке аз онҳо қаблан доғи судӣ дошта, муайян карда шуд, ки айни замон ҳарду нашъаҷаллоб муваққатан бекоранд», – гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, зимни кофтукови шахсони гумонбар як бастаи полиэтилении дорои 500 грамм маводи мухаддири ҳашиш, ки барои фурӯш дар қуттиҳои вазелин ҷой шуда буд, дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати шаҳрвандони боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда, онҳо дар тавқифгоҳи муваққатии агентӣ қарор доранд ва аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ ҷиҳати муайян кардани шахсони дигари дар ин ҷиноят дастдошта чораҳо андешида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.