Сохтори фаръии ширкати муттаҳидаи РУСАЛ (Русский алюминий) – Alumina & Bauxite Co. Ltd. (Albaco) бобати таъини барҳамдеҳи ширкати CDH Investments Corp. ба Суди олии Кариби Шарқӣ ариза дод.
Тавре дар иттилоияи РУСАЛ зикр мегардад, CDH Investments Corp. тариқи ҷадвалҳои толлингӣ ба таъмини Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) бо гилхок машғул буда, маҳсулоти тайёри онро ба фурӯш мегузошт. Albaco дар бораи таъмини барҳамдеҳи CDH Investments Corp ба суд ариза дод, то ки маводи махфии ширкати CDN-ро дастрас намояд.
«Барҳамдеҳи аз ҷониби мо таъиншуда дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ, директорон ва дигар маълумоти марбут ба CDN-ро ҷамъоварӣ ва ошкор мекунад», – шарҳ медиҳанд дар ширкати РУСАЛ.
Дар иттилоияи ширкати русиягӣ зикр мегардад, ки қаблан РУСАЛ дар мурофиаи судӣ нисбати CDH Investments Corp. оид ба масъалаи таъминоти ТАЛКО бо гилхок ғолиб омадааст. Тибқи қарори суди Швейтсария, ҷониби мағлуб бояд ба ширкати РУСАЛ ҳудуди 70 млн. $ маблағ пардохт намояд.
Он замон суд ба хулоса омада буд, ки CDN қарордоди хариду фурӯш барои таъминот бо гилхокро ба Albaco риоя накардааст. Бинобар сабаби аз ҷониби CDN иҷро нагардидани қарори суди ҳакамӣ ва пардохт нагардидани маблағ дар ҳаҷми 70 млн. $, дар Albaco тасмим гирифтанд, ки чораҳои маҷбурӣ андешида, барҳамдеҳро таъин кунанд, то ки асноди бонкии CDN дар ИМА ва дигар кишварҳоро ошкор намоянд.
Дар ҳамин ҳол, аз ширкати ТАЛКО ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки айни замон ширкат оид ба таъминот бо гилхок бо дигар ширкатҳо ҳамкорӣ дорад. «Ҳамкорӣ миёни ТАЛКО ва CDN аз соли 2005 то соли 2007 сурат гирифта буд ва аз соли 2007 ширкати мо ҳамкорӣ бо CDN-ро қатъ намуд», – гуфтанд дар ТАЛКО.
Қаблан 14-уми октябри соли ҷорӣ
суди ҳакамии Швейтсария қарор кард
, ки Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба корхонаи фаръии «Русал» – Hamer Investing Ltd барои зиёни расида бо шумули тамоми хароҷоти судӣ бояд 275 млн. $ маблағ пардохт намояд.
Маблағи пардохт аз 112,7 млн. $ – арзиши гилхок ва дигар ашёи хоми аз ҷониби Hamer Investing Ltd ба ТАЛКО расонидашуда бо шартҳои шарикӣ дар соли 2003, фоидаи аздастрафта (даромади вориднашуда) дар ҳаҷми 147 млн. $ ва ҳамчунин хароҷоти судӣ ба маблағи ҳудуди 14,56 млн. $ иборат аст.
Тамоми эътирозҳо оид ба даъвои муқобили даъво ба маблағи наздики 400 млн. доллари ИМА аз ҷониби ТАЛКО нисбат ба ширкати русиягиро суди Швейтсария рад кард.




