Эҳтимоли шадид гардидани лимити барқ дар Суғд

Аз 17-уми ноябр дар хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», ки шабакаҳои барқи ҷанубу шимоли кишварро пайваст мекунад, корҳои таъмир оғоз мегарданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, корҳои таъмир дар ҳамдастӣ бо мутахассисони чинӣ дар муддати 6 рӯз анҷом дода мешаванд. «Дар давоми баргузории корҳои таъмир тамоми иншооти […]

ASIA-Plus


Аз 17-уми ноябр дар хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», ки шабакаҳои барқи ҷанубу шимоли кишварро пайваст мекунад, корҳои таъмир оғоз мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, корҳои таъмир дар ҳамдастӣ бо мутахассисони чинӣ дар муддати 6 рӯз анҷом дода мешаванд.

«Дар давоми баргузории корҳои таъмир тамоми иншооти гидроэнергетикии минтақаи шимоли кишвар ба реҷаи кори пурзӯр гузаронида мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Сухангӯи ширкат нисбатан шадид гардидани лимити истифодаи барқ ба аҳолии вилояти Суғд дар давраи баргузории корҳои таъмирро аз эҳтимол дур намедонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.