Барқияи табрикии президенти Арманистон ба Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ба муносибати аз нав ба мансаби президенти Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба унвони ӯ барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии сарвари давлати Арманистон зикр мегардад, ки натиҷаҳои интихоботи баргузоргардида нишонаи эътибори баланд ва таҷрибаи ғании Шумо дар кори давлатдорӣ ҷиҳати рушди […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ба муносибати аз нав ба мансаби президенти Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба унвони ӯ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии сарвари давлати Арманистон зикр мегардад, ки натиҷаҳои интихоботи баргузоргардида нишонаи эътибори баланд ва таҷрибаи ғании Шумо дар кори давлатдорӣ ҷиҳати рушди устувори кишвар, таҳкими сулҳу оромӣ дар ҷомеа ва баланд гардидани нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.

«Аминам, ки муносибатҳои дӯстӣ миёни мардуми кишварҳоямон, инчунин талошҳои муштарак ҷиҳати ҳамкории фаъол ва ҳусни тафоҳум, таҳкими равобит дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ИДМ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои иқтисодиву гуманитарӣ нақши арзанда хоҳанд гузошт», – гуфта мешавад дар барқия.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.