Шумори манзилҳои аз заминларза осебдидаи Ваҳдат меафзояд

Шумори манзилҳои аз заминларзаи рӯзи 10-уми ноябр рухода дар деҳоти шаҳри Ваҳдат меафзояд. Вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз шаҳри Ваҳдат Убайдулло Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл намояндагони ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон аз тамоми маҳаллаҳои аҳолинишине, ки […]

ASIA-Plus


Шумори манзилҳои аз заминларзаи рӯзи 10-уми ноябр рухода дар деҳоти шаҳри Ваҳдат меафзояд.

Вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз шаҳри Ваҳдат Убайдулло Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл намояндагони ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон аз тамоми маҳаллаҳои аҳолинишине, ки дар онҳо осеб дидани манзилҳо аз заминларза ба қайд гирифта шудаанд, боздид намуданд.

«Комиссия муайян кард, ки дар деҳоти назди шаҳр бар асари заминларза 118 манзил пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дида, 12 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд», – зикр кард Давлатов.

Ба қавли вай, ба осебдидагон аз офат кумаки тиббӣ расонида шудааст. «Шоми дирӯз аз ҷониби ҳукумат ба Ваҳдат 130 адад хаймаҳои гарм барои ҷойгиркунонии аҳолии осебдида, маводи ғизойӣ ва дорувории тиббӣ фиристода шуд», – иттилоъ дод Давлатов.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ояндаи наздик сохторҳои марбутаи ҳукумат ҷиҳати ҷудо кардани қитъаҳои замин, масолеҳи сохтмон ва кумаки молиявӣ ба осебдидагон аз заминларза барои сохтмони манзил қарор қабул хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки маркази заминларзаи шоми рӯзи 10-уми ноябр деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат муқаррар шуда буд. Дар маркази заминларза қувваи он 5 балл ва дар шаҳри душанбе 4 баллро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.