Қатли ду тоҷикистонӣ дар вилояти Челябинск

Ҳодисаи куштори ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки  рӯзи 12-уми ноябр дар  ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск рух дод, боиси нигаронии сафорати Тоҷикистон дар Русия гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, субҳи имрӯз сафири Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев ба масъулин дастур дод, ки  ҳарчи зудтар бо мақомоти дахлдори вилояти […]

ASIA-Plus


Ҳодисаи куштори ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки  рӯзи 12-уми ноябр дар  ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск рух дод, боиси нигаронии сафорати Тоҷикистон дар Русия гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, субҳи имрӯз сафири Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев ба масъулин дастур дод, ки  ҳарчи зудтар бо мақомоти дахлдори вилояти Челябинск дар тамос бишаванд ва ҷузъиёти бештареро дар робита ба ин ҳодисаи  куштор, ки дар он  ба қавле  аломатҳои марги маҷбурӣ дида мешавад, рӯйи мизи ӯ гузоранд.

Ба иттилои Эгамзод, феълан хадамоти консулгарии сафорат якҷо бо консулгарии  генералии кишварамон дар Екатеринбург атрофи ин қазия кор бурда истодаанд. «Ҳамчунин мо бо раиси ҷамъияти тоҷикистониҳои вилояти Челябинск Исломиддин  Раҷабов, ки узви Шӯрои  ҷамъиятии назди сафорати ҶТ дар ФР мебошад, дар тамос шуда, аз номбурда хохиш кардем, ки аз ҷониби худ ба ин қазия расидагӣ намояд», – гуфт ӯ ва илова кард, ки аз ҷузъиёти бештари қазия баъдан иттилоъ дода хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти

Кумитаи тафтишоти Русия

, рӯзи 12-уми ноябр дар яке аз хонаҳои  деҳаи Кайгородовои ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябински Русия ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва осори захми зарбаву бурида дарёфт шуд. Ду нафар гумонбар ба содир намудани ин ҷиноят боздошт шудаанд. Яке аз гумонбарон қаблан бо ҷабридидаҳо дар қабули оҳанпора кор мекардааст. Ҳамон рӯз онҳо дар ҳолати мастӣ ба ҳавлӣ даромада, як қисмате аз оҳанпораро дуздиданӣ будаанд. Зимни ба ҳавлӣ ворид шудан онҳо бо шаҳрвандони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, тоҷикон ҳамкори пешинаи худро мешиносанд. Сипас  муноқиша рух дода, бо истифода аз корду табар тоҷикистониён ба қатл расонида шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ