Ҳукуматдорони Маскав кинотеатри «Тоҷикистон»-ро мекӯчонанд

Ҳукуматдорони шаҳри Маскав кинотеатри беш аз 30 сол қабл бунёдшудаи «Тоҷикистон»-ро кӯчонида, дар ҷойи он маркази муосири фарҳангиву хизматгузорӣ сохтанианд. Департаменти сохтмони шаҳри Маскав ҷиҳати интихоби фармоишгари техникӣ барои иҷрои корҳои лоиҳавӣ оид ба кӯчонидани кинотеатри «Тоҷикистон» дар ҳавзаи маъмурии Шимолу Ғарби шаҳри Маскав озмун эълон кардааст. Маълумот дар ин бора рӯзи сешанбе дар сомонаи […]

ASIA-Plus


Ҳукуматдорони шаҳри Маскав кинотеатри беш аз 30 сол қабл бунёдшудаи «Тоҷикистон»-ро кӯчонида, дар ҷойи он маркази муосири фарҳангиву хизматгузорӣ сохтанианд.

Департаменти сохтмони шаҳри Маскав ҷиҳати интихоби фармоишгари техникӣ барои иҷрои корҳои лоиҳавӣ оид ба кӯчонидани кинотеатри «Тоҷикистон» дар ҳавзаи маъмурии Шимолу Ғарби шаҳри Маскав озмун эълон кардааст. Маълумот дар ин бора рӯзи сешанбе дар

сомонаи расмии

департаменти мазкур интишор шуд.

Зикр мегардад, ки бинои сеошёнаи кинотеатр бо майдони умумии ҳудуди 7 ҳазор метри мураабаъ, воқеъ дар кӯчаи Маршал Катуков 8 кӯчонида хоҳад шуд.

Кинотеатри «Тоҷикистон» соли 1982 дар шаҳри Маскав қомат афрохта, иборат аз ду толор ва то соли 2001 ба сифати толори кинову консертӣ фаъолият мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ