Ҳушдори Бонки миллӣ аз тақаллубкории пулҳои нақд

Бонки миллии Тоҷикистон ба маълумоти кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мерасонад, ки дар муомилоти пулии кишвар баъзан метавонад ҳодисаҳои пайдо шудани пулҳои қалбакӣ, хоса асъори хориҷӣ ба миён ояд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, бинобар ин,  зарур аст, ки ҳангоми сару кор гирифтан бо пули нақд мебояд зираку мушоҳидакор […]

ASIA-Plus


Бонки миллии Тоҷикистон ба маълумоти кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мерасонад, ки дар муомилоти пулии кишвар баъзан метавонад ҳодисаҳои пайдо шудани пулҳои қалбакӣ, хоса асъори хориҷӣ ба миён ояд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, бинобар ин,  зарур аст, ки ҳангоми сару кор гирифтан бо пули нақд мебояд зираку мушоҳидакор буд ва ин падидаи номатлубро, ки гоҳ-гоҳе аз худ дарак медиҳад, нодида нагирифт, зеро шахсон ё гурӯҳҳои тақаллубкор, бахусус дар бахши сохтани пулҳои қалбакӣ дар ҳама давру замон вуҷуд доштанд ва бо мақсадҳои гуногуни худ ба ин кор даст мезананд.

«Бояд ҳамагон дарк намоем, ки гардиши пулҳои қалбакӣ дар муомилот метавонад ба паст шудани қурби пули миллӣ оварда расонад, ба ҳаёти иҷтимоии ҳар шахс ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар зиён оварад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди тақаллубкории пул натанҳо вазифаи сохторҳои маъмурӣ, балки яке аз вазифаҳои муқаддаси низоми бонкӣ ва ҳатто ҳар як фарди ҷомеа мебошад», – омадааст дар иттилои хадамоти матбуоти БМТ.

Гуфта мешавад, «имрӯз мо дар қарни рушди босуръати илму техника зиндагӣ мекунем ва ширкатҳои истеҳсоли дастгоҳҳои бонкии олам барориши чунин мошинҳои пулшумории навтаринро ба роҳ мондаанд, ки онҳо дар ҷараёни пулшуморӣ пулҳои қалбакиро ба осонӣ ошкор намуда, ғайр аз ин, дастгоҳҳои навтарине дар соҳаи бонкӣ вуҷуд доранд, ки истифодаи онҳо муайян кардани аслияти пулро хело осон кардаанд ва вобаста ба ин, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки хазинаҳои бозшумории худро бо чунин дастгоҳҳои ҳозиразамон таъмин намоянд ва истифодаи онҳоро ба роҳ монанд».

Зикр мегардад, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот пайдо шудани пулҳои тақаллубии чӣ миллӣ ва чӣ хориҷӣ хеле кам ба қайд гирифта шудаанд. Дар бораи сана ва ҳаҷми мушаххаси асъори қалбакии ошкоршуда БМТ маълумот намедиҳад.

«Шаҳрвандонро зарур аст, ки амалиётҳои хариду фурӯшро танҳо бо пули миллӣ анҷом бидиҳанд ва ҳангоми ошкор шудани пулҳои шубҳанок ба сохторҳои маъмурӣ хабар диҳанд. Агар барои ба роҳ мондани ин ё он доду гирифт зарурияти истифодаи асъори хориҷӣ ба миён ояд, бояд ин гуна амалиёт ба воситаи бонкҳо ё нуқтаҳои мубодилаи асъор анҷом дода шаванд», – таъкид мегардад дар фарҷоми хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ