Болоравии мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 11,1% боло рафт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Агентиии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ин давра дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 3 ҳазору 584 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 359 ҳолат […]

Мавлуда Рафиева


Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 11,1% боло рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Агентиии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ин давра дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 3 ҳазору 584 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 359 ҳолат ё худ 11,1% (дар 10 моҳи соли 2012 – 3 ҳазору 225 ҷиноят) бештар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо соли гузашта давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ шумори ҷиноятҳои вазнин дар вилоят 64 ҳолат ё худ 10,2% афзудааст. Вазъи ҷинояткорӣ бештар дар ноҳияҳои Шаҳристон, Зафаробод, Ғончӣ, Ашт, Кӯхистони Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлол нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, шумори ҷиноятҳои дуздӣ дар ин давра 659 ададро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7,6% камтар буда, шумори ҳодисаҳои ғорати манзилҳои шаҳрвандон ба андозаи 24,4% коҳиш ёфтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ