Дар 10 моҳ мизони таваррум 3,1%-ро ташкил дод

Дар зарфи 10 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 3,1%-ро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 6,1% баробар буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи октябр сатҳи таваррум ба 0,3% баробар шуд. Дар ин давра нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 0,6% ва маҳсулоти ғайриғизоӣ […]

ASIA-Plus


Дар зарфи 10 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 3,1%-ро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 6,1% баробар буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи октябр сатҳи таваррум ба 0,3% баробар шуд.

Дар ин давра нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 0,6% ва маҳсулоти ғайриғизоӣ – 0,2% афзуда, хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ ба миқдори 0,1% коҳиш ёфт.

Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар 6,4%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 2,9% поинтар буд.

Тибқи пешгӯии ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,5% пешбинӣ мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ доштани мизони таваррум дар сатҳи то 9% дар соли равонро ба нақша гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ