Таҷдиди нерӯгоҳҳои бузурги Тоҷикистон аз ҷониби Andritz Hydro

Чанде қабл дар шаҳри Берлини Олмон мулоқоти кории вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати энергетикии олмонии Andritz Hydro доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Олмон дар ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот масоили рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин ширкати олмонӣ дар доираи Ёддошти баимзорасида моҳи марти соли 2013 […]

Заррина Эргашева


Чанде қабл дар шаҳри Берлини Олмон мулоқоти кории вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати энергетикии олмонии Andritz Hydro доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Олмон дар ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот масоили рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин ширкати олмонӣ дар доираи Ёддошти баимзорасида моҳи марти соли 2013 дар Душанбе баррасӣ шуданд. «Дар гуфтушунидҳо атрофи лоиҳаҳои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳҳои Норак ва Варзоб-2 табодули назар сурат гирифт», – шарҳ доданд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, дар Берлин ҳамчунин Гул Шералӣ бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бузурги энергетикии Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ, ки ба амалисозӣ ва маблағгузории муштарак дар бахшҳои энергетика ва саноати истихроҷи Тоҷикистон ҳавасманданд, низ дидору гуфтушунид намуд.

Ширкати олмонии ANDRITZ HYDRO яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони маҷмӯи пурраи таҷҳизоти электромеханикӣ ва ҳамчунин таъмингари хизматгузориҳо барои нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ буда, аз ширкатҳои пешсаф дар бозори ҷаҳонӣ оид ба таъмини таҷҳизот барои тавлиди энергияи гидравликӣ маҳсуб меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ