Тоҷикистон дар фестивали байнулмилалии «Эфирная шкатулка»

Рӯзи 12-уми ноябр дар шаҳри Амстердам (Голландия) фестивали ҳаштуми байнулмилалии барномаҳои телевизион ва радио таҳти унвони «Эфирная шкатулка» оғоз гардид. Фестивал аз ҷониби Академияи байнулмилалии телевизион ва радио (IATR) дар ҳамдастӣ бо Медиаконгресси журналистони Аврупо ва Осиё созмон дода шуда, дар фестивали имсола намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Канада, Латвия, Молдова, Тоҷикистон, Гурҷистон, Словакия, Финландия ва дигар […]

ASIA-Plus


Рӯзи 12-уми ноябр дар шаҳри Амстердам (Голландия) фестивали ҳаштуми байнулмилалии барномаҳои телевизион ва радио таҳти унвони «Эфирная шкатулка» оғоз гардид.

Фестивал аз ҷониби Академияи байнулмилалии телевизион ва радио (IATR) дар ҳамдастӣ бо Медиаконгресси журналистони Аврупо ва Осиё созмон дода шуда, дар фестивали имсола намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Канада, Латвия, Молдова, Тоҷикистон, Гурҷистон, Словакия, Финландия ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои дастандаркорони фестивал, дар озмуни эҷодии соли 2013 беш аз 150 барномаҳо аз 24 кишвари дунё пешниҳод ва аз миёни онҳо 50 мавод интихоб гардида, муаллифони онҳо ба марҳилаи ниҳоии фестивал ба Амстердам даъват шуданд.

Фестивал бо намоиши филми мустанади Игор Романовский дар бораи ҳаёти муҳоҷирони рус дар Аргентина, барномаҳои телевизионӣ аз Молдова, Латвия, Озарбойҷон, Эстония, Исроил ва шунидани барномаҳои радиоӣ аз Тоҷикистон, Канада, Испания, Латвия ва Финландия шурӯъ шуд. Дар фарҷоми кори фестивал, рӯзи 14-уми ноябр ҳайати ҳакамон оид ба супурдани Шоҳ-ҷоиза дар ҳар кадоме аз номинатсияҳо тасмим хоҳад гирифт. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.