«Камкабель» ба бозори Тоҷикистон роҳ ёфтанист

Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маросими муаррифии ширкати «Камкабель»-и Русия баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаи мазкур дар ҳамдастӣ бо Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар доираи густариши бозори фурӯши маҳсулоти корхонаҳои русиягӣ созмон дода шуд. Дар маросими муаррифӣ зикр гардид, ки […]

ASIA-Plus


Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маросими муаррифии ширкати «Камкабель»-и Русия баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаи мазкур дар ҳамдастӣ бо Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар доираи густариши бозори фурӯши маҳсулоти корхонаҳои русиягӣ созмон дода шуд.

Дар маросими муаррифӣ зикр гардид, ки ҳамкорӣ бо минтақаҳои Русия тадриҷан густариш ёфта, ҳарчи бештар ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Дар ҷараёни маросими муаррифӣ СД-диск бо маълумоти муфассал дар бораи фаъолияти ширкат ва маҳсулоти тавлидии он манзури ҳозирин гардид. Зикр гардид, ки ширкат ба роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва гуфтушунидҳои мушаххас омода аст.

Қобили зикр аст, ки ҶДММ «Камкабель» беш аз 55 сол пеш дар шаҳри Перми Русия таъсис дода шуда, яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти ноқиливу (кабель) симӣ дар Русия ва ИДМ мебошад, ки номгӯи маҳсулоташ 35 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Маҳсулоти корхона ба 75 кишвари дунё содирот мешавад.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Тоҷикистон дар маросими муаррифӣ намояндагони ширкатҳои узви ПСС ҶТ – ШСХК «Барқи тоҷик», ҶСК «Помир-Энерҷи», ҶДММ «Ганҷина», «Султони Кабир», ҶСК «Тоҷикэнергоснаб», намояндагони ПСС Афғонистон дар Тоҷикистон ва дигарон иштирок доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.