Маросими савгандёдкунии президент бидуни ҳузури меҳмонони воломақоми хориҷӣ

Ба маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми ноябр доир мегардад, меҳмонони воломақоми хориҷӣ даъват нашуданд. Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷаласаи 6-уми иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи парлумон соати 09:00-и рӯзи 16-уми ноябр дар бинои Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ даъват шудааст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ба […]

Аваз Юлдошев


Ба маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми ноябр доир мегардад, меҳмонони воломақоми хориҷӣ даъват нашуданд.

Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷаласаи 6-уми иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи парлумон соати 09:00-и рӯзи 16-уми ноябр дар бинои Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ даъват шудааст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ба сифати президенти тозаинтихоб савганд ёд мекунад.

«Пас аз ифтитоҳи иҷлосия азъои парлумон ба Кохи Сомон раҳсипор гардида, дар қаламрави он соати 11 маросими сари мансаб омадани президент доир мегардад», – гуфт сарчашмаи хабар.

Ба гуфтаи манбаъ, ба маросим ба ҷуз аъзои парлумон, ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони аҳли ҷомеа ва корпуси дипломатии муқими Душанбе низ даъват шудаанд. «Дар тамоми шабакаҳои давлатии телевизион пахши мустақими маросими сари мансаб омадани президенти тозаинитихоб роҳандозӣ мешавад», – зикр кард манбаъ.

Дар идома зикр гардид, ки баъди ба Эмомалӣ Раҳмон супурдани ливо, нишон, ордени «Ситораи президенти Тоҷикистон» дараҷаи аввал ва шаҳодатномаи президент, ӯ ба садоқат ба мардум ва Конститусияи кишвар савганд ёд мекунад. «Сипас назди ҳозирин Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаи барномавӣ суханронӣ намуда, самтҳои асосии рушди Тоҷикистонро мушаххас мекунад», – таъкид дошт манбаъ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки пас аз итмоми маросими сари мансаб омадани президенти тозаинтихоби Тоҷикистон бо ҳузури сарвари давлат дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар афсарону сарбозони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ гузашти низомӣ баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.