Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибн Ал Ҳуссейн ба президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки ҷиҳати тақвият ва беҳбудии равобити дуҷонибаи ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳо баҳри расидан ба манофеи муштараки ҳарду кишвар ва мардуми бародар ихлосмандии худро собит менамояд.
Дар барқияи табрикотии собиқ президенти Украина Леонид Кучма гуфта мешавад, «ман аз густаришу таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди миёни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи мутақобили кишварҳои мустақиламон дар арсаи байналмилалӣ хушҳолам. Ман аз фаъолияти мушарак бо Шумо ва ба манфиати халқҳоямон ба хушнудӣ ёд мекунам».
Дар номаи шодбошии Президенти гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ омадааст: «Бонки Исломии Рушд тадбирҳои заруриро таҳти дастуроти ҳамешагии худ ҷиҳати дастгирии рушди Тоҷикистон қарор дода, барои он саъю кӯшиш ва омодагии худро иброз медорад ва умедворам, ки ҳамфикриро бо кишварҳои аъзои Бонки Исломии Рушд ба роҳ мемонад».
Борис Кандов – президенти Конгресси яҳудиёни бухороӣ дар ИМА ва Канада дар номаи шодбошии худ гуфтааст: «Аз номи ҷомеаи чандинҳазорнафараи яҳудиёни бухороии Амрикои Шарқӣ хоҳишмандам самимонатарин таҳнияти моро ба муносибати муҷаддадан барои муҳлати нав интихоб гардиданатон қабул фармоед. Дидори мо бо Шумо дар шаҳрҳои Ню- Йорк ва Душанбе фаромушнашуданист. Воқеъбинӣ, матонати қазоват ва дӯстиву эҳтироми Шумо нисбат ба яҳудиёни бухороӣ эҳсоси фараҳмандии моро бедор мекунад. Мутмаинем, ки ин эҳсоси мо ҳаргиз хомуш нахоҳад шуд, балки сол ба сол ва бо ҳузури Шумо афзунтар хоҳад гашт».




