Густариши ҳамкориҳои макомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Чин

Чанде қабл Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо роҳбарии сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати мазкур Ан Вейсин ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттили сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори Шӯъбаи Котибот оид ба давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай Сюй Чуанчун, сардори Шӯъбаи […]

ASIA-Plus


Чанде қабл Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо роҳбарии сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати мазкур Ан Вейсин ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттили сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори Шӯъбаи Котибот оид ба давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай Сюй Чуанчун, сардори Шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди терроризм Ли Чуан, сардори Шӯъбаи ҳамин Раёсат Сюй Тсян, сардори Шӯъбаи ахборотдиҳии Департаменти бехатарии ҷамъиятӣ Чжан Яган ва афсари Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин Ван Тао иштирок намуданд.

Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Девонаев Сафиало Азизулоевич ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Солиева Зумрад Тухтасиновна ҳузур доштанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ байни ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳои тарафайн баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос мубодилаи афкор сурат гирифт.

Қайд гардид, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мушатарак имконияти бештаре фароҳам хоҳад овард.

Зимни вохӯрӣ, ки хеле самимона сурат гирифт, тарафайн барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба ҳамдигар изҳори миннатдорӣ намуда қайд карданд, ки дар оянда низ чунин ҳамкориҳо тақвият хоҳанд ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.