АНМН: Баррасии вазъи имконпазири минтақа баъди соли 2014 бо намояндаи Олмон

Санаи 19-уми декабри соли равон Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров намояндаи расмии Идораи Федералии политсияи криминалии Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон (БКА) Михаел Пабстро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, Директори Агентӣ ба меҳмон оид ба вазъи мухаддиротӣ дар […]

ASIA-Plus


Санаи 19-уми декабри соли равон Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров намояндаи расмии Идораи Федералии политсияи криминалии Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон (БКА) Михаел Пабстро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, Директори Агентӣ ба меҳмон оид ба вазъи мухаддиротӣ дар минтаъқа ва Тоҷикистон, дар бораи чораҳои андешидаи Ҳукумати ҶТ дар самти назорат аз болои маводи нашъадор, оид ба фаъолияти Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ дар самти мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор маълумоти муфассал  дод.

Зимнан зикр гардид, ки дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба назорат аз болои прекурсорҳо, пешгӯии рушди мухаддирот дар минтаъқа баъди баровардани қувваҳои НАТО аз ҶИА дар соли 2014, инчунин масъалҳои омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ аз ҷониби БКА ҶФО муҳокима гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.