Болоравии тарофаҳои оби нӯшокӣ дар пойтахт

Бо супориши Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ, аз 1-уми январи соли оянда тарофаҳои оби нӯшокӣ дар пойтахт боло мераванд. Котиби матбуотии раиси шахри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз соли оянда ташкилотҳои буҷетии пойтахт барои як метри мукааб оби нӯшокӣ ва обу корез (бо назардошти ААИ) ба ҷойи […]

Аваз Юлдошев


Бо супориши Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ, аз 1-уми январи соли оянда тарофаҳои оби нӯшокӣ дар пойтахт боло мераванд.

Котиби матбуотии раиси шахри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз соли оянда ташкилотҳои буҷетии пойтахт барои як метри мукааб оби нӯшокӣ ва обу корез (бо назардошти ААИ) ба ҷойи 1 сомониву 004 дирами ҳозира 1 сомониву 36,88 дирам ва ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ ба ҷойи 2 сомониву 71 дирами ҳозира 3 сомониву 3,99 дирам маблағ пардохт мекунанд.

«Сокинони пойтахт, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунаки об насб шудааст, барои 1 метри мукааб об ба ивази 32 дирами пешина бо назардошти ААИ 41,61 дирам маблағ месупоранд», – иброз дошт Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, сокинони хонаҳои то ошёнаи 12-ум, ки ҳисобкунаки об надоранд, ба ҷойи 3 сомониву 50 дирами ҳозира дар як моҳ 4 сомониву 54,654 дирам, сокинони аз ошёнаи 12-ум баландтар ба ивази 4 сомониву 38 дирами имрӯза 5 сомониву 69,586 дирам ва сокинони хобгоҳҳо ба ҷойи 2 сомониву 90 дирами ҳозира 3 сомониву 77 дирам маблағ пардохт хоҳанд кард.

«Тарофаҳои амалкунанда то 1-уми январи соли 2014 барои оби нӯшокӣ аввали соли 2011 тасдиқ шуда буданд», – афзуд котиби матбуотии раиси пойтахт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.