Дархости Афғонистон бобати мусоидат ба тайёр кардани мутахассисони касбҳои коргарӣ

Чанде қабл дар мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов бо вазири кор, умури иҷтимоӣ, шаҳидон ва маълулини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Омина Афзалӣ масъалаи тайёр кардани мутахассисони касбҳои коргарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорат, зимни вохӯрӣ Омина Афзалӣ таъкид доштааст, ки ҳарчанд имрӯз дар Афғонистон марказҳои таълимӣ барои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов бо вазири кор, умури иҷтимоӣ, шаҳидон ва маълулини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Омина Афзалӣ масъалаи тайёр кардани мутахассисони касбҳои коргарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорат, зимни вохӯрӣ Омина Афзалӣ таъкид доштааст, ки ҳарчанд имрӯз дар Афғонистон марказҳои таълимӣ барои фаро гирифтани афроди аз таҳсил берунмонда ва омода намудани коргарони соҳибихтисос фаъолият намоянд ҳам, кишвар ба тайёр кардани касбҳои коргарӣ, усто ва омӯзгорони муҳандисӣ ниёз дорад ва Тоҷикистон имконоти хуби омода сохтани коргарони ҳирфаиро дошта, мақсад аз боздид кумаки ин ҷониб дар ин самт аст.

Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  пурра фаро гирифтани шаҳрвандонро ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз масъалаҳои асосии мубрами рӯз номида, дар ин самт ҳамкориҳои вазоратҳои дахлдорро хеле судманд ҳисобид. Дар Тоҷикистон яке аз зинаҳои муҳим ва асосии таҳсилот дар тайёр кардани касбҳои коргарӣ зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба шумор меравад ва он дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ нақши хоса дорад. Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои тараққикарда собит менамояд, ки соҳибкасб намудани шаҳрвандон бояд маҳз дар ҳамин зинаҳои таҳсилот оғоз ёбад ва барои рушди иқтисодиёти миллӣ тамоми шаҳрвандони дигар, ки берун аз таҳсилоти олии касбӣ мондаанд, ба таҳсилот дар ин зинаҳо фаро гирифта шаванд.

Алҳол, дар ҷумҳурӣ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла 56 литсейҳои касбии техникӣ, 7 литсейҳои касбии саноати кишоварзӣ ва инчунин гурӯҳҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла 41 коллеҷ, 11 омӯзишгоҳи тиббӣ амал менамоянд.

Ҳанӯз дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Зафаробод маҷмааҳои омодасозии касбҳои коргарӣ барои Афғонистон фаъолият менамуданд, ки ҳазорҳо коргарони соҳибихтисосро барои ин кишвари азияткашида омода ва равона кардааст.

Барои омӯзиши ҳаматарафаи масъалаи мазкур тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби коршиносони ҳар ду ҷониб кишвар барои омода намудани тафоҳумнома таъсис дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.