Изҳороти созмонҳои журналистӣ нисбати боздошти наворбардори «Озодагон»

Чанде аз созмонҳои журналистӣ ва ТҒД-и ҷумҳурӣ имрӯздар робита ба боздошти наворбардори хабаргузории «Озодагон» изҳорот интишор намуданд. Дар изҳорот гуфта мешавад: «Дирӯз 25 декабр, тақрибан соати 14.15, Абдураҳим Шукуров, наворбардори Хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ, дар наздикии боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи кормандони шӯъбаи  корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт шуда, […]

ASIA-Plus


Чанде аз созмонҳои журналистӣ ва ТҒД-и ҷумҳурӣ имрӯздар робита ба боздошти наворбардори хабаргузории «Озодагон» изҳорот интишор намуданд.

Дар изҳорот гуфта мешавад:

«Дирӯз 25 декабр, тақрибан соати 14.15, Абдураҳим Шукуров, наворбардори Хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ, дар наздикии боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи кормандони шӯъбаи  корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт шуда, ҳангоми интиқол ба ШКД лату кӯб шудааст. Кормандони ШКД журналист Абдураҳим Шукуровро барои гӯиё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам намуда, барои ҳафт шабонарӯз ҳабс кардаанд. Ҳол он ки тарзи рафтори муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ, ки журналистро ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ боздошт намуданд, талаботи моддаи Моддаи 162 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – « Монеъ   шудан  ба  фаъолияти қонунии касбии журналистон»-ро нодида гирифтанд ва ҳам бо журналист ҳамчун ба шахси ҷинояткори барои ҷомеа хавфнок муносибат карда, ҳангоми бозгашт ҳуқуқҳои шаҳрвандии ӯро поймол намуданд.

Боиси нигаронӣ ва ташвиши мост, ки чунин рафтор ва муносибати кормандони мақомоти ҳифзи тартибот бо журналистон бори аввал набуда, солҳои охир барои мақомоти қудратӣ ҳодисаи маъмулӣ гардидааст. Монеъ шудан ба фаъолияти журналист дар ҷомеаи демократӣ, ки Тоҷикистони мо дар раванди эъмори он қадам мезанад, ба сони поймол кардани ҳуқуқи инсон барои дастрасӣ ба иттилоот арзёбӣ мегардад. Зеро журналистон новобаста аз хушоянд будан ва ё набудани воқеаву ҳодиса, вазифадоранд аз ҳар рӯйдод ба ҷомеа иттилоъ дода, бо ин кори худ ба халалдор нашудани фазои иттилоотии кишвар ва таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа мусоидат намоянд.

Мо, ҷомеаи рафтору муносибати кормандони шӯъбаи  корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар нисбати  журналист Абдураҳим Шукуровро зуҳури муносибати ғайрикасбии мақомоти ҳифзи тартибот ҳисобида, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  тақозо дорем, ки  журналисти ҷабрдида ба зудӣ аз ҳабсу таъқиб озод карда, дар нисбати кормандони дахлдори қазияи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад».

Зери изҳорот Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон ва Медиа-Алянси Тоҷикистон имзо гузоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.