Суд барои ҳабси наворбардори «Озодагон» қароре содир накардааст

Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, парвандаеро алайҳи Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро дастрас накарда, қарореро низ барои ҳабси ӯ содир нанамудаанд. Ин нуктаро Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, рӯзи 26 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” баён доштааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти пулис ҳақ надоранд, аз пеши худ, бидуни қарори додгоҳ […]

ASIA-Plus


Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, парвандаеро алайҳи Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро дастрас накарда, қарореро низ барои ҳабси ӯ содир нанамудаанд. Ин нуктаро Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, рӯзи 26 декабр дар суҳбат бо

“Озодагон”

баён доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти пулис ҳақ надоранд, аз пеши худ, бидуни қарори додгоҳ шаҳрвандро барои ҳафт шабонарӯз ҳабс намоянд: “Мақомот метавонад, танҳо ба муҳлати 3 шабонарӯз барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандро бе қарори додгоҳ боздошт намояду бас”.

Дар дафтархонаи умумии Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки тамоми парвандаҳоро аввалин шуда ба қайд мегиранд, ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки парвандаи Абдураҳим Шукуров ба ин додгоҳ ворид нагардидааст. Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон” зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздошту латукӯб шудааст.

Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ки зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулис боздошт шуд,

барои ҳафт шабонарӯз

ҳабс гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.