Яке аз шоҳидон дар қазияи Зайд Саидов ба озодӣ баромад

Яке аз шоҳидон дар қазияи Зайд Саидов пас аз 7 моҳи нигаҳдорӣ аз тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ озод шудааст. Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, ба Хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, шоҳид  Далер Бобоев 25-уми декабр аз толори суд ҷавоб шуд. Дар ин рӯз бо қарори суд Зайд Саидов ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. […]

Мавзуна Абдуллоева



Яке аз шоҳидон дар қазияи Зайд Саидов пас аз 7 моҳи нигаҳдорӣ аз тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ озод шудааст.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, ба Хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, шоҳид  Далер Бобоев 25-уми декабр аз толори суд ҷавоб шуд. Дар ин рӯз бо қарори суд Зайд Саидов ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

«Далер Бобоев дар қазияи Зайд Сайд на танҳо шоҳид буд, балки ӯ судшаванда ҳам буд. Дар нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 347, қисми 1 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) моҳи июни соли 2013 оғоз шуда буд. Аммо чун ҷинояти содиркардаи ӯ дар соли 2006 ба қатори ҷиноятҳои баъдтар авфшуда дохил мешавад, судя парвандаро нисбати Бобоев  қатъ карда, ӯро озод намуд», – мегӯяд Қудратов.

Ёдовар мешавем, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июни соли 2013 бо пахши як иттилоъ оид ба доду гирифти пулии шаҳрванди Қазоқистон Окушев Серикбол Тулеханович бо собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов хабар дод дар соли 2006 хабар дод. Мутобиқи ин иттилоъ, яке аз шахсони боэътимоди Саидов – Бобоев Далер шоҳиди ин доду гирифт будааст.

«Зайд Саидов бо мақсади ғаразнок, бо суиистифодаи ваколатҳои мансабӣ, барои иҷрои амали муайян, яъне мусоидат намудан дар гирифтани иҷозатномаи Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон барои истихроҷи кони тиллои «Чоре»-и ноҳияи Айнӣ сараввал аз Окушев 700 ҳазор доллари амрикоиро ба сифати пора талаб намуда, моҳи феврали соли 2006 ҳангоми дар шаҳри Алма-атаи Чумҳурии Казоқистон карор доштанаш дар ҳамиштирокии Бобоев Далер аз Окушев ин маблағро шахсан гирифтааст. Тахминан моҳи июни соли 2006 Зайд Саидов аз маблағи гирифтаи пора конеъ нагашта Окушевро аз нав ба Душанбе даъват намуда, аз ӯ иловатан барои ҳалли масъалаи гирифта додани иҷозатномаи дар боло зикршуда боз оварда додани 800 ҳазор доллари амрикоиро ба сифати пора талаб намуд», – зикр шуда буд дар иттилои Агентӣ

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.