Вохӯрии роҳбарони мақомоти қудратии Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

Имрӯз дар шаҳри Исфара вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад, ки дар он масоили ҳамкории мутақобилаи мақомоти қудратии кишварҳо дар таъмини тартибот дар қаламравҳои наздимарзии давлатҳо баррасӣ мешавад. Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар суҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар шаҳри Исфара вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад, ки дар он масоили ҳамкории мутақобилаи мақомоти қудратии кишварҳо дар таъмини тартибот дар қаламравҳои наздимарзии давлатҳо баррасӣ мешавад.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар суҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-майори милиса Искандар Раҷабов ва ҳайати Қирғизистонро муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-майори милиса Курсан Асанов роҳбарӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайатҳо ҳамчунин фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳо, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва раисони навоҳии наздимарзӣ низ шомиланд.

Ёдрас мекунем, ки дар

мулоқоти

ҳайатҳои роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ таҳти роҳбарии муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, масоили танзими вазъ ва ҳамкориҳои судманд дар марзи давлатӣ баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ низ баррасӣ шуда, нақшаи вохӯриҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба ин масъала дар соли 2014 муайян карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.