Дар Ботканд тавофуқ ҳосил шуд

Дар ҷаласаи имрӯзаи ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Ботканд оид ба аз соати 9-и рӯзи 14-уми январ ба посбонии минтақаҳои баҳсии марз пардохтани дастаҳои муштараки кормандони мақомоти корҳои дохилии кишварҳо тавофуқ ҳосил шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон узви ҳайати Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод. Ба […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи имрӯзаи ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Ботканд оид ба аз соати 9-и рӯзи 14-уми январ ба посбонии минтақаҳои баҳсии марз пардохтани дастаҳои муштараки кормандони мақомоти корҳои дохилии кишварҳо тавофуқ ҳосил шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон узви ҳайати Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дастаҳои муштараки марзбонони тоҷику қирғиз рӯзи дигар, 15-уми январ ба посбонии марз шурӯъ менамоянд. «Ғайр аз ин, мо ба маълумоти ҷониби Қирғизистон расонидем, ки мутобиқи тавофуқҳои дар гуфтушунидҳои қаблӣ ҳосилшуда, сохтмони ҳама гуна иншоот дар минтақаҳои марзӣ манъ шуда, аз онҳо дархост кардем, ки корҳои сохтмон дар роҳи мошингарди Оқсой-Тамдикро боздоранд», – гуфт Сангинов.

Муовини аввали раиси вилояти Суғд зикр кард, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба қонунӣ будани амали марзбонон дар ҳодисаи мавзеи деҳаи Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара далелу бурҳонҳои худро пешниҳод кардаанд.

«Мо ба ҳамтоҳои қирғизи худ изҳор намудем, ки муноқишаи мусаллаҳона дар қаламрави Тоҷикистон рух дода, худи ҳамин далел ба бисёр чизҳо рӯшанӣ меандозад», – таъкид дошт Сангинов.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки айни замон Тоҷикистону Қирғизистон мустақилона ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор дода, оид ба натоиҷи он табодули маълумот хоҳанд кард ва аз рӯи натиҷаҳои мувофиқашуда гунаҳкорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.