Натиҷагирии шаҳрдории Душанбе аз фаъолият дар соли гузашта

Ахири ҳафтаи гузашта таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти макомоти шаҳрдории пойтахт дар соли 2013 ҷаласаи шаҳрдорӣ доир гардид, ки дар он муовини аввали нахутсвзири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов ширкат варзид. Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа зикр гардид, ки сарфи назар аз пешравиҳои муайян дар рушди шаҳр […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти макомоти шаҳрдории пойтахт дар соли 2013 ҷаласаи шаҳрдорӣ доир гардид, ки дар он муовини аввали нахутсвзири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов ширкат варзид.

Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа зикр гардид, ки сарфи назар аз пешравиҳои муайян дар рушди шаҳр ва зербинои он, иҷроиши нақшаҳо оиди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулот, аз он   ҷумла, маҳсулоти ниёзи  мардум, суръати афзоиш, ворид намудани технологияи муосир дар истеҳсолот ва ташкили корхонаҳои нав, ки яке аз вазифаҳои асосӣ муқаррар гардида буд, мутаассифона бо пуррагӣ таъмин карда нашуд.

«Аз ҷониби 259 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти соҳибкорони инфиродӣ, дар ҳаҷми 908,1 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбати соли 2012-ум 83,4 млн. сомонӣ кам мебошад ва сабаби асосии пастшавии суръати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ин қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ба ҶСК «Тоҷиксемент» ба ҳисоб меравад, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ интиқол мегардад», – маълуумот дода шуд дар ҷаласа.

Ҳамчунин қайд гардид, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе 15 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 257 нафар сокини шаҳр бо ҷойҳои корӣ дар онҳо таъмин гардиданд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар корхонаҳои саноатии шаҳр 18 ҳазору 400 нафар сокини шаҳр машғули коранд, ки нисбат ба соли 2012 ба андозаи 5,4% зиёдтар аст. Соли гузашта аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии шаҳрдории пойтахт 43 иншоот ба истифода дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.