Сӯхтор дар бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб

Шаби 12 ба 13-уми январ дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб сӯхтор сар зада, мағоза ва фурӯшгоҳҳои бахши савдои маҳсулоти саноатӣ ва мавриди ниёзи аввалияи мардум ба коми оташ рафтанд. Ҳарчанд сӯхтор комилан хомӯш карда шуда бошад ҳам, то ҳанӯз ҷо-ҷо алангаҳои оташ пайдо мешаванд, вале акнун дигар хавфи гузаштанашон ба бахши мағозаву фурӯшгоҳҳои маҳсулоти […]

Турко Дикаев


Шаби 12 ба 13-уми январ дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб сӯхтор сар зада, мағоза ва фурӯшгоҳҳои бахши савдои маҳсулоти саноатӣ ва мавриди ниёзи аввалияи мардум ба коми оташ рафтанд.

Ҳарчанд сӯхтор комилан хомӯш карда шуда бошад ҳам, то ҳанӯз ҷо-ҷо алангаҳои оташ пайдо мешаванд, вале акнун дигар хавфи гузаштанашон ба бахши мағозаву фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ғизойии бозор аз байн рафтааст.

Айни замон маълумоти мушаххасеро дар ин хусус дастрас кардан ғайриимкон буда, дар макони ҳодиса комиссияҳои гуногун, хадамот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғули коранд.

Тибқи арзёбии пешакии оташнишонон, сӯхтор майдони 3 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, 96 мағоза ва 382 фурӯшгоҳ ба коми оташ рафтаанд.

Дар хомӯш кардани сӯхтор аз 14 адад техникаи махсус, 4 автомашинаи обпошак, 2 пойгоҳи обкашӣ ва даҳҳо адад техникаи дигар истифода шудааст.

Феълан фарзияи корӣ (яке аз фарзияҳои зиёд) – расиши ноқилҳои барқӣ дар се нуқтаи ин бахши савдои бозор аст. Таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.