Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ҳодисаи низоъи мусаллаҳона дар марз

Зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонов изҳор намуд, ки аз рӯи далели муноқишаи чанде қабли мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи прокурор, парванда аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 335 (Убури ғайриқонунии марзи давлатӣ)-и Кодекси […]

Мавлуда Рафиева


Зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонов изҳор намуд, ки аз рӯи далели муноқишаи чанде қабли мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи прокурор, парванда аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 335 (Убури ғайриқонунии марзи давлатӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ оғоз гардидааст.

«Ман худам шахсан аз макони ҳодиса боздид намуда, бо итминон гуфта метавонам, ки ба дар қаламрави кишвари мо рух додани ҳодиса ҳеҷ ҷойи шакку шубҳае нест. Марзбонони мусаллаҳи кигвари ҳамсоя бидуни иҷозат пулро убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон, ҷамоати Ҳоҷи Аъло ворид шудаанд. Марзбонони мо аз онҳо дархост намудаанд, ки қаламрави ҷумҳуриро тарк намуда, дигар бо силоҳ ба қаламрави мо ворид нашаванд. Дар посух марзбонони қирғиз ба дашному ҳақорат пардохта, нахуст ба тирпарронӣ оғоз кардаанд. Дар ҳоле ки далели убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва истифодаи силоҳи оташфишон ба қайд гирифта шудаву он ба ҳаёти онҳо хатари ҷиддӣ дошт, чӣ магар марзбонони мо мебоист хомӯшӣ ихтиёр мекарданд?», – мегӯяд прокурор.

Ба қавли ӯ, бар асари муқовимати мусаллаҳона 2 нафар марзбони тоҷик ва 5 нафар марзбони кишвари ҳамсоя захмӣ шуданд.

Ш.Қурбонов зикр кард, ки тайи ду соли ахир аз замони оғози фаъолияти ӯ ба ҳайси прокурори вилоят, аз ҷониби шаҳрвандони тоҷик ягон ҳодисаи сабти ғайриқонунии марзи давлатӣ ба мушоҳида нарасидааст, аммо далелҳои аз ҷониби қирғизҳо ғайриқонунӣ гузаштани марз, сохтмони ғайриқонунӣ дар минтақаҳои баҳсӣ, ҳодисаҳои ғорат ва лату кӯби шаҳрвандони мо ҷой доштанд.

«Аз рӯи ин далелҳо мо парвандаҳои ҷиноӣ боз намуда, тавассути Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ қисмате аз онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба Прокуратураи генералии Қирғизистон ирсол намудем», – таъкид дошт прокурор.  

«Мо аз сокинони Исфара ҳамеша даъват мекунем, ки дурандешу ботамкин бошанд ва онҳо суханони моро маъқул шуморида, ба муноқиша намепардозанд, вале дар бораи ҳамсояҳои мо, ки на ҳамеша ба ин гуна маслиҳатҳо эътибор медиҳанд, чунин наметавон гуфт», – иброз дошт Шариф Қурбонов.

Ёдрас мекунем, ки санаи 11-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни марзбонони ҳарду кишвар муноқиша ба вуқуъ пайваст, ки ба муқовимати мусаллаҳона анҷом пазируфт.

Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Исфара

вохӯрии навбатии

роҳбарони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар назар буда, ҷонибҳо бори дигар ба дарёфти роҳҳои ба эътидол овардани вазъ дар марз кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?