Боздошти навбатии тоҷикон дар фурудгоҳи «Манас»

Дар фурудгоҳи «Манас»-и Бишкек бори навбатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов хабар дод, ки ӯ низ миёни боздоштшудагон ҳузур доштааст. Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа ҳадафмандона кормандони созмонҳои байнулмилалиро боздошт намуда, марзбонон ба онҳо гуфтаанд, ки «тамоми мусибатҳо бар асари фаъолияти ҳамин гуна олимоне сар мезананд, ки […]

ASIA-Plus


Дар фурудгоҳи «Манас»-и Бишкек бори навбатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов хабар дод, ки ӯ низ миёни боздоштшудагон ҳузур доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа ҳадафмандона кормандони созмонҳои байнулмилалиро боздошт намуда, марзбонон ба онҳо гуфтаанд, ки «тамоми мусибатҳо бар асари фаъолияти ҳамин гуна олимоне сар мезананд, ки ба ҳалли мушкилоти ихтилофҳо машғуланд».

«Аз ин бармеояд, ки дар бораи боздошти ҳамин гурӯҳи мусофирон аз боло супориш шудааст. Аз ин рӯ, дар минтақаи пӯшидаи фурудгоҳ қарор дорем. Се нафари мо беморанд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки шумори мушаххаси боздоштшудагон маълум набуда, шарҳи масъала аз ҷониби афроди расмӣ айни замон ғайриимкон аст.

Ёдрас мекунем, ки ахиран аз шаҳрвандони тоҷик оид ба

монеъаэҷодкуниҳо

нисбати онҳо дар убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ба сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон низ шикоятҳо мерасанд.

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба ОИ «Азия-Плюс» воқеъан зиёд шудани чунин шикоятҳо тайи чанд рӯзи ахирро тасдиқ намуда, дар ин маврид изҳор намуд, ки зимни убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ҳамсарон, ки зан шаҳрванди Қирғизистону мард шаҳрванди Тоҷикистон аст, як духтари тоҷикистонӣ ва ҳамчунин 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ҳолат дучор шудаанд.

Ҳамчунин рӯзи 21-уми январ ба се нафар ҳомии ҳуқуқи тоҷик, ки ба вохӯрии ҳамасолаи Платформаи Шаҳрвандӣ «Осиёи Марказӣ дар ҳаракат» ба Бишкек раҳсипор шуда буданд, дар марзи Қазоқистону Қирғизистон иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро надоданд ва онҳо ночор ба Душанбе баргаштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.