Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Нишастҳои хабарии ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2013 дар Вазорати корҳои дохилӣ (оғоз соати 09:00), «Тоҷикматлубот» (соати 09:00) ва Вазорати фарҳанги ҶТ (дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ, соати 11:00). Қурби асъор Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  4.7761 сомонӣ; 1 евро […]

ASIA-Plus



Анонс

– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2013 дар Вазорати корҳои дохилӣ (оғоз соати 09:00), «Тоҷикматлубот» (соати 09:00) ва Вазорати фарҳанги ҶТ (дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ, соати 11:00).



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7761

сомонӣ;


1

евро

– 6.4812

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1425

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1924

— Маросими дафни Владимир Ильич Ленин.


1944

— Артиши шӯравӣ муҳосираи 900-рӯзаи Ленинград (феълан Санкт-Петербург)-ро рахна намуд.


1948

— Дар ИҶШС нахустин магнитофонҳо ба фурӯш бароварда шуданд.


1977 —

Ватикан манъ будани аз ҷониби занон ишғол кардани мансабҳои диниро тасдиқ кард.


1940

— Зодрӯзи адиби тоҷик Сорбон.


1964

— Зодрӯзи доктори илими химия, профессор Маҳмадқул Каримов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 26 январ дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +6+11.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 26 январ дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, 26 январ баъзан барф меборад.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -16-21, рӯзона -2-7.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ борон меборад, рӯзона бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борон меборад, рӯзона бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +13+15.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +12+14.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, каме барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона 0+2.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.