Зойиров конфронси Эътилоф «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ»-ро мавқуф гузошт

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров муҳлати баргузории конфронси дуюми Эътилоф «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон»-ро бинобар сабаби вафо карда натавонистан ба ваъдаҳояш мавқуф гузошт. Конфронси мазкур бояд имрӯз, 25-уми январ доир мегардид. Дар изҳороти Зойиров дар ин робита қайд мешавад, ки ӯ то 15-уми январ мунташир намудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои асосии барномавии […]

Меҳрангез Турсунзода


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров муҳлати баргузории конфронси дуюми Эътилоф «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон»-ро бинобар сабаби вафо карда натавонистан ба ваъдаҳояш мавқуф гузошт. Конфронси мазкур бояд имрӯз, 25-уми январ доир мегардид.

Дар изҳороти Зойиров дар ин робита қайд мешавад, ки ӯ то 15-уми январ мунташир намудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои асосии барномавии Эътилофро ваъда карда буд, ки аз 5 санад иборат буда, бояд дар конфронси рӯзи 25-уми январи соли 2013 баррасӣ ва қабул мешуданд.

Ба гуфтаи сиёсатмадор, бинобар сабаби бемории ӯ аз 3 то 16-уми январ, ин ҳуҷҷатҳо саривақт омода нашудаанд. «Ин ҳуҷҷатҳо то конфронс бояд дар ВАО ва шабакаи Интернет баррасӣ шуда, бо назардошти он, мо варианти бозбинишудаи санадҳоро барои қабул ба конфронси Эътилоф пешниҳод карданӣ будем», – зикр крадааст Зойиров.

Гуфта мешавад, ӯ акнун ҳар се рӯз ҳуҷҷатҳоро мунташир намуда, аз тамоми ҷонибҳои манфиатдор, шаҳрвандони кишвар, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ВАО, сохторҳои тиҷоратӣ, олимон, сиёсатмадорон, ҷомеашиносон ва намояндагони дигар касбу кор дархост мекунад, ки пешниҳоду эрод, тағийроту илова ба бандҳои санадҳои мазкур ва андешаҳои дигари худ оид ба ин ҳуҷҷатҳоро иброз намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.