Манъи ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Бар асари боришоти шадиди барф ва тармафароӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанак, ки марказро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, муваққатан манъ шуд. Бино ба маълумоти ширкати IRS, ин ҳодисаҳо ба мушкил шудани ҳаракати нақлиёт дар минтақаи Варзоб боис гардида, нимаи дуюми дирӯз дар километрҳои 46, 48, 49, 52, 53, 56, 58, 65, 68, […]

ASIA-Plus


Бар асари боришоти шадиди барф ва тармафароӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанак, ки марказро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, муваққатан манъ шуд.

Бино ба маълумоти ширкати IRS, ин ҳодисаҳо ба мушкил шудани ҳаракати нақлиёт дар минтақаи Варзоб боис гардида, нимаи дуюми дирӯз дар километрҳои 46, 48, 49, 52, 53, 56, 58, 65, 68, 69, 72-и роҳ тармафароии шадид ба амал омадааст.

«Бо ҷалби 4 адад худборкунаки фронталӣ ва 2 адад автогрейдер оқибатҳои тармафароӣ дар километрҳои 46, 48, 52, 65, 69 бартараф карда шуда, дар қитъаҳои дигар корҳои тозакунӣ идома доранд. Дар ҳамин ҳол, боришоти шадиди барф ва ҳодисаҳои нави тармафароӣ идома доранд», – омадааст дар хабари ширкат.

Гуфта мешавад, ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ногувор дар ҳамкорӣ бо кормандони БДА ҳаракати нақлиёт муваққатан манъ карда шуда, роҳдорони минтақа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҳаракати нақлиётро барқарор кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.