Собиқ вазири мудофиа ёвари президент таъин шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоевро ёвари худ оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъин кард. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус фармони дахлдор ба имзо расонид. Шералӣ Хайруллоев, ки муддати 18 сол ба ҳайси вазири мудофиаи Тоҷикистон ифои вазифа кард, моҳи ноябри соли гузашта […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоевро ёвари худ оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъин кард.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус фармони дахлдор ба имзо расонид.

Шералӣ Хайруллоев, ки муддати 18 сол ба ҳайси вазири мудофиаи Тоҷикистон ифои вазифа кард, моҳи ноябри соли гузашта аз мансаб сабукдӯш гардид. Ба ҷойи ӯ Шералӣ Мирзо, ки ахиран роҳбарии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ-ро ба уҳда дошт, вазири нави мудофиаи ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

Моҳи ноябри соли 2013 президент фармон дар бораи аз вазифа озод кардани Шералӣ Хайруллоевро ба имзо расонида, барои хизматҳои шоиста дар ин мансаб ба ӯ миннатдорӣ изҳор намуд.


Маълумотнома:

Шералӣ Хайруллоев 8-уми ноябри соли 1949 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 1970 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Рутбаи ҳарбӣ: генерал-полковник.

Аз соли 1970 то соли 1977 дар мақомоти молиявии қисмҳои низомии Ҳавзаи ҳарбии Сибир, сипас ба ҳайси сардори хадамоти молиявӣ, хадамоти таъмини ғизо ва муовини фармондеҳи қисми низомии Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст.

Солҳои 1977-1988 дар мақомоти раҳбарии низоми муассисаҳои ислоҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Солҳои 1988-1995 муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

Аз соли 1995 то моҳи ноябри соли 2013 – вазири мудофиаи Тоҷикистон.

Корманди шоистаи Тоҷикистон. Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.