Қирғизистон сохтмони роҳи «ҷанҷолӣ»-и мутаваққиф кард

Нимаи дуюми рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда Қирғизистон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик дар минтақаи баҳсноки марз дар самти Исфараро мутаваққиф сохт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефн як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара Фарҳод Сафаров хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл техникаи асосӣ аз майдони сохтмон бароварда шудаст. «Ба қавли бинокорони […]

Аваз Юлдошев


Нимаи дуюми рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда Қирғизистон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик дар минтақаи баҳсноки марз дар самти Исфараро мутаваққиф сохт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефн як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара Фарҳод Сафаров хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл техникаи асосӣ аз майдони сохтмон бароварда шудаст. «Ба қавли бинокорони қирғиз, ду экскаватори боқимонда низ ҳамин рӯз аз майдони сохтмон берун бурда мешаванд», – иброз дошт Сафаров.

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Исфара низ ин маълумотро тасдиқ намуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи оғози корҳои сохтмон дар роҳи зикршуда санаи 11-уми январ миёни марзбонони ҳарду кишвар муноқишаи мусаллахона рух дод, ки бар асари он ду марзбони тоҷик ва шаш марзбони кишвари ҳамсоя ҷароҳат бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.