Нахуствазир намояндаи доимии БОР-ро ба ҳузур пазируфт

Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода намояндаи домии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си Си Ю-ро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот масоили марбут ба амалисозии лоиҳаҳои дуҷониба ва таҳияи нақшаи ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд. «Нахуствазири ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода намояндаи домии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си Си Ю-ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот масоили марбут ба амалисозии лоиҳаҳои дуҷониба ва таҳияи нақшаи ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд.

«Нахуствазири ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба рафти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузоришуда аз ҷониби БОР таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад», – иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ба роҳандозии ҳамкориҳо дар масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон низ таваҷчуҳ зоҳир гардида, ҷаноби Си Си Ю изҳор намуд, ки БОР ба кишварҳои иштирокчии ин лоиҳа дар таҳия ва баргузор намудани арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳа кумак хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.