Аз муомилот баровардани пулҳои коғазии 50 фунт бо акси Ҷон Хаублон

Бонки Инглистон эълон намуд, ки аз 30 апрели соли 2014 пули коғазии 50 фунти намунаи куҳнаро, ки дар он акси Ҷон Хаублон тасвир ёфтааст, аз муомилот мебарорад. Бино ба иттили Бонки миллии Тоҷикистон, пулҳои номбурда то рӯзи нишондодашуда дар муомилот озод гардиш мекунанд. Дар давоми якчанд моҳи баъд аз муомилот баровардани онҳо бонкҳо ва ҷамъиятҳои […]

ASIA-Plus


Бонки Инглистон эълон намуд, ки аз 30 апрели соли 2014 пули коғазии 50 фунти намунаи куҳнаро, ки дар он акси Ҷон Хаублон тасвир ёфтааст, аз муомилот мебарорад.

Бино ба иттили Бонки миллии Тоҷикистон, пулҳои номбурда то рӯзи нишондодашуда дар муомилот озод гардиш мекунанд. Дар давоми якчанд моҳи баъд аз муомилот баровардани онҳо бонкҳо ва ҷамъиятҳои сохтмонӣ ин пулҳоро ба сифати амонат дар суратҳисоби мизоҷон қабул хоҳанд кард.  

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ташкилотҳои молиявӣ, аз қабили Barclays, RBS, NatWest ва Ulster Bank and the Post Office эълон карданд, ки пулҳои коғазии 50 фунтаи номбурдаро дар ҳаҷми то 200 фунт дар шуъбаҳои дар кишварҳои дигар будаи худ то 30 апрели соли 2014 иваз менамоянд.

Гуфта мешавад, Бонки Инглистон эълом доштааст, ки ҳамеша пулҳои коғазии куҳнаи худро иваз хоҳад кард.

Зимнан зикр мегардад, ки пулхои коғазии 50 фунтаи нав бо акси Ҷеймс Уатт ва Метю Болтон, ки соли 2011 ба муомилот бароварда шудаанд, дар муомилот мемонанд ва метавонанд ба таври озод истифода шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.