Ба ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд иҷозат шуд

Ба ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки марказро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, иҷозат дода шуд. Бино ба маълумоти филиали ширкати IRS, қитъаи Варзоби роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанак аз оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт мувофиқи реҷаи БДА амалӣ карда мешавад. «Айни замон роҳдорони намояндагии Варзоби филиали IRS корҳоро […]

ASIA-Plus


Ба ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки марказро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, иҷозат дода шуд.

Бино ба маълумоти филиали ширкати IRS, қитъаи Варзоби роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанак аз оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт мувофиқи реҷаи БДА амалӣ карда мешавад.

«Айни замон роҳдорони намояндагии Варзоби филиали IRS корҳоро ҷиҳати васеъ кардани қисми мошингард дар ҷойҳои тармафароӣ оғоз намуданд. Дар иҷрои корҳои мазкур зиёда аз 18 техникаи махсус мавриди истифода қарор доранд», – иттилоъ медиҳад филиали ширкат.

Дар маълумот ҳамчунин зикр мегардад, ки сарфи назар аз хубтар гардидани шароити обуҳаво, то ҳанӯз хавфи фаромадани тармаҳо дар қитъаи аз 45 то 73-ум километри роҳ боқӣ мемонад.

«Бинобар ин, аз тамоми истифодабарандагони рох хоҳиш карда мешавад, ки мувофиқи имкон аз ҳаракат дар қитъаи мазкур худдорӣ намоянд», – дархост мекунанд кормандони филиал.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.