Гуфтушуниди навбатии Тоҷикистону Қирғизистон

Дар гуфтушуниди имрӯзаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон бори навбатӣ ҷиҳати аз байн бурдани ташаннуҷи вазъ дар муносибатҳои дуҷониба, ки дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марз ба амал омад, кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, гуфтушунидҳо дар […]

Аваз Юлдошев



Дар гуфтушуниди имрӯзаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон бори навбатӣ ҷиҳати аз байн бурдани ташаннуҷи вазъ дар муносибатҳои дуҷониба, ки дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марз ба амал омад, кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, гуфтушунидҳо дар Исфара ё Ботканд баргузор мешаванд ва ин масъала мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Аллакай маълум аст, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид ёвари президенти ҶТ оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи ҶТ Маҳмадтоҳир Зокиров, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва дигар мансабдорони воломақоми сохторҳои қудратии кишвар намояндагӣ мекунанд.

«Ҳамаи шахсони зикршуда аз субҳи имрӯз дар Исфара қарор доранд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.