Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ маросими аз ҷониби Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия ба Агентӣ супурдани автомобилҳо, таҷҳизоти махсус, воситаҳои алоқа, сарулибоси махсус ва дигар амвол ба Агентӣ доир мегардад. Оғоз соати 11:00; – Муваққатан аз соати 8:00 рӯзи 29 то соати 8:00 рӯзи 30 январи соли 2014 дар […]

ASIA-Plus



Анонс


– Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ маросими аз ҷониби Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия ба Агентӣ супурдани автомобилҳо, таҷҳизоти махсус, воситаҳои алоқа, сарулибоси махсус ва дигар амвол ба Агентӣ доир мегардад. Оғоз соати 11:00;

– Муваққатан аз соати 8:00 рӯзи 29 то соати 8:00 рӯзи 30 январи соли 2014 дар кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носиров, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ ва Варзишгоҳи марказии ноҳияи Сино интиқоли об қатъ карда мешавад;

– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2013 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон (оғоз соати 09:00), Бонки миллии Тоҷикистон (соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ) ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (соати 10:00);

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ нахустнамоиши операи «Травиата» (Ҷ.Верди) баргузор мешавад. Оғоз соати 17:00;

– Дар Сирки давлатии Тоҷикистон намоишномаи солинавӣ барои кӯдакон «Афсонаи Маликаи барфӣ» ба итмом мерасад. Оғоз соати 14:00.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7776

сомонӣ;


1

евро

– 6.4817

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.142


0



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




1833 —

Дар Русия аввалин почтаи шаҳрӣ таъсис дода шуд.


1932

— КИМ ва Шӯрои комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон дар бораи ташкили Кумитаи радиошунавонӣ қарор қабул карданд.


1933 —

Зодрӯзи табиб-урологи маъруфи тоҷик, профессор Аслиддин Осимӣ.


1934-1999

— Мавлуди олими соҳаи физика Обидҷон Маҳмадов.


1955

— Зодрӯзи варзишгарзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебуннисо Рустамова.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +14+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти начандон зиёд, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.    

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-5, рӯзона 0+5;  дар шарқи вилоят шабона -14-19, рӯзона -2-7.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +13+15.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +2+4.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо