Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаҳои ҳисоби Тоҷикистону Русия

Чанде қабл дар Маскав раиси Палатаи ҳисоби Русия Татяна Голикова ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатов созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳарду палатаро ба имзо расониданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, мутобиқи ин созишнома, палатаҳои ҳисоби кишварҳо ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун роҳандозӣ мекунанд. «Дар санад ҳамчунин табодули таҷриба […]

ASIA-Plus



Чанде қабл дар Маскав раиси Палатаи ҳисоби Русия Татяна Голикова ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатов созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳарду палатаро ба имзо расониданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, мутобиқи ин созишнома, палатаҳои ҳисоби кишварҳо ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун роҳандозӣ мекунанд.

«Дар санад ҳамчунин табодули таҷриба ва омодагии мутахассисон барои ин соҳа, ки ба ин масъала бештар ҷониби Тоҷикистон ҳавасманд асту ин сохтор дар кишвар чанде қабл таъсис ёфтааст, низ пешбинӣ шудааст», – иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими имзои созишнома сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев зикр кардааст, ки «созишномаи баимзорасида барои минбаъд роҳандозии ҳамкориҳои судманд барои тарафайн заминаи мусоид фароҳам меоварад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.