Боздиди нахуствазири кишвар аз Ҳисор

Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Ҳисор боздид намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмон дар иншооте, ки мавриди истифода қарор гирифтанашон ба муносибати ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар назар аст, аз наздик шинос шуд. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки  Расулзода ба мақомоти раҳбарии вазорату […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Ҳисор боздид намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмон дар иншооте, ки мавриди истифода қарор гирифтанашон ба муносибати ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар назар аст, аз наздик шинос шуд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки  Расулзода ба мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои дахлдор ва ҳукумати ноҳия ҷиҳати таваҷчуҳи ҷиддӣ зоҳир намудан ба сифати корҳои иҷрошуда дар иншооти ҷашнӣ дастуру супориш додааст.

«Нахуствазир ҳамчунин дастур дод, ки истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетии барои сохтмони ин иншоот ҷудошуда таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад», – гууфт ӯ.

Ба қавли Муҳиддинов, зимни боздид аз ноҳияи Ҳисор Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар маросими ба истифода додани маркази фарҳанг барои кӯдакон низ ҳузур дошт.

Қобили зикр аст, ки ҷашни 3000-солагиии ноҳияи Ҳисор соли равон таҷлил мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.